Ноябр 22, 2021 20:27 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 25 миллиону 400 ҳазор доллар маҳсулот дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз тавлиди 25 миллиону 400 ҳазор доллар маҳсулот дар манотиқи озоди иқтисодии ин кишвар таи 10 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар 5 минтақаи озоди иқтисодии ин кишвар 60 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ сабт шудааст, ки аз ин шумор 15 ширкат дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва 9 ширкат дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара таи 10 моҳи соли ҷорӣ маҳсулот тавлид кардаанд .
Бар ин асос дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд таи ин муддат 222 миллион сомонӣ ва минтақаи озоди иқтисодии Данғара 60 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст .
Аммо дар ин муддат дар манотиқи озоди иқтисодии Кулоб ва Панҷ дар вилояти Хатлон ва Ишкошим дар вилояти Бадахшон ҳеҷ маҳсулоте тавлид нашудааст .