Латукӯби донишомӯзи тоҷик дар марзи Қирғизистон
(last modified Tue, 23 Nov 2021 05:41:08 GMT )
Ноябр 23, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Латукӯби донишомӯзи тоҷик дар марзи Қирғизистон

Донишомӯзи тоҷик дар марзи Қирғизистон мавриди латукӯб қарор гирифт.

Донишомӯзи 17 солаи тоҷики сокини рустои Сомониён, аз сокинони ноҳияи Исфара, дар марзи Қирғизистон мавриди латукӯби қирғизҳо қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳия Исфара гуфтааст, ки қирғизҳо пас аз латукӯби ин донишомӯз 4 сар (раъс) гови вайро бо худ бардаанд.

Вай афзуд: Полиси ноҳияи Ботканди Қирғизистон аз ин ҳодиса иттилоъ ёфта ва донишомӯзи осебдидаи тоҷик ба бемористон мунтақил шудааст.

Тарафи Қирғизистон ваъда додааст, ки ин моҷароро баррасӣ ва муқассиронро муҷозот хоҳад кард.

Ин иттифоқ дар ҳоле рух дод, ки Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Руслан Қазоқбоев, ҳамтои қирғизиаш, ки барои ширкат дар нишасти байналмилалии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо ба Душанбе омадааст, дидор ва бар зарурати аломатгузории марз ва ҳифзи  оромишу амният дар марзи муштараки ду кишвар таъкид кард.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз баҳори соли ҷорӣ ба далели даргирии 28 ва 29 апрел ба таври комил баста шудааст.