Муттаҳамони оташ задани вагони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия озод шудаанд
(last modified Tue, 23 Nov 2021 11:07:00 GMT )
Ноябр 23, 2021 16:07 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳамони оташ задани вагони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия озод шудаанд

Се фарди муттаҳам ба оташ задани вагони маҳалли хоби коргарони муҳоҷири тоҷик дар вилояти Иркутск, дар минтақаи Сибири Русия, ки сабаби ҷон бохтани ду шаҳрванди Тоҷикистон шуд, озод гардидаанд.

Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, додгоҳи вилояти Иркутск акнун се коргари муҳоҷири тоҷикро ба баҳонаи муқассирони оғози даргирӣ бо сокинони бумӣ, боздошт кардааст.

Вакилони мудофеи коргарони тоҷик муътақиданд, ки ин даргириро сокинони  маҳаллӣ бо коргарони муҳоҷири тоҷик оғоз карда ва вагони маҳали зисти онҳоро оташ задаанд, ки муҷиби кушта шудани Насимҷони Сайидалӣ ва Сироҷиддин Гулзода шуд, ки аҷсоди ин ду ба Тоҷикистон мунтақил шудааст. Манобеи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, ки пайгири ин моҷаро мебошанд.

Ҳамасола дар Русия теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷик бар асари ҳаводиси мухталиф ҷони худро аз даст медиҳанд.