Ноябр 23, 2021 21:23 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 91 миллион евраии Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон

Ҳамонҳангкунандаи умури байналмиллалии Иттиҳодияи Аврупо аз ихтисоси кумаки молии 91 миллион евра ба Тоҷикистон дар чор соли оянда хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ютта Урпилайнен ин матлабро дар нишасти муштараки хабарӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе унвон кард. Вай таъкид кард, ки ин манобеъи молӣ барои рушди фанновариҳои навин, истихроҷи маъданҳо, омӯзиши мутахассисон ва беҳтар намудани мудирият дар сохторҳои давлатӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин бо арзёбии фаъолият дар ин замина дар соли 2024 барои афзоиши кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо афзоиши мизони кумакҳои молии ин Иттиҳодия дар солҳои 2025 то 2027 барномарези шудааст.

Ютта Урпилайнен ҳамоҳангкунандаи умури байналмиллалии Иттиҳодияи Аврупо ва Вазири молияи Финландия ба ҳамроҳи Ҷозеп Боррелл, масули сиёсати хориҷӣ ин иттиҳодия дар 17-умин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе ширкат кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп