Ноябр 26, 2021 21:56 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон ба Афғонистон

Бо мусоидати давлати Тоҷикистон, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон оғоз шуд.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин кумакҳо бо талошу ҳамкории Барномаи Ҷаҳонии Ғизо (WFP) таъмин ва ирсол шуд.

Кӯмаки мазкур аз 2500 тон орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон интиқол дода мешавад.

Расонидани кӯмаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, ба вижа сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба маводи ғизоӣ душвор мегардад.

Дар хабар гуфта шуда, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд.

 

 

Барчасп