Таҳвили се қирғизистонии боздоштшуда дар Тоҷикистон ва умедворӣ ба озодии ду тоҷик
(last modified Sat, 27 Nov 2021 07:43:12 GMT )
Ноябр 27, 2021 12:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили се қирғизистонии боздоштшуда дар Тоҷикистон ва умедворӣ ба озодии ду тоҷик

Дар пайи дидори мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон се шаҳрванди қирғизӣ, ки дар дохили қаламрави вилояти Суғд боздошт шуда буданд, ба кишварашон баргардонда шуданд.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, мақомоти марзбонии Қирғизистон ваъда додаанд, ки ду тоҷики боздошт шуда ба иттиҳоми вуруди ғайримуҷоз ба дохили вилояти Боткандро озод хоҳанд кард.

Ҳамчунин тарафи Тоҷикистон эълом кардааст, ки 3 қирғизистонии қаблан боздоштшударо ба кишварашон хоҳад фиристод.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки барои ҳалли мушкилоти рафту омади шаҳрвандони ду кишвар ба наздикӣ дидори раисони ноҳияҳои Деваштичи Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз баҳори соли ҷорӣ ба далели даргирии хунини рӯзҳои 28 ва 29 апрел ба таври комил баста шуда ва ҳаракати васоили нақлияи ҳавоӣ ва заминӣ низ қатъ гардидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷӯди ду даҳа музокираи мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 519 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Бештар бихонед: