Ноябр 28, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  •  Русия мақсади аслии коргаронӣ муҳоҷири тоҷик

Муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кард мақсади сафари 95 дар сад аз шаҳрвандони ҷуёи кори ин кишвар Русия аст

Ба гузориши сомонаи Спутник, Шаҳнозаи Нодирӣ гуфт: Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 331 ҳазору 353 нафар аз Тоҷикистон барои кор ба Русия сафар карданд, ки дар муқоиса ба давраҳои мушобеҳ ба соли гузашта, 2.8 дарсад бештар шуда аст.

Вай афзуд: Ин омор шомили афроде мешавад, ки қабл аз сафар ба Русия корти махсуси муҳоҷиратиро пур карданд ва мақсади рафтан ба ин кишварро пайдо кардани кор унвон мекунанд.

Муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон изҳор кард, соли 2019 мақомоти Душанбе ва Маскав дар бораи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷир тафоҳумномае имзо карданд, аммо дар соли 2020 ба далили густариши вирузи корона ин тафоҳумнома иҷро нашуд.

Шаҳнозаи Нодирӣ баён кард, соли ҷорӣ бо аз саргирии парвозҳои муназзам ва махсус миёни Тоҷикистон ва Русия имкони сафари дубораи коргарони муҳоҷири тоҷик фароҳам шуд.

Барчасп