Декабр 02, 2021 14:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти

16 варзишкори тоҷик дар мусобиқоти "қаҳрамонии Осиё, Уқёнусияи навҷавонон ва ҷавонон" ширкат мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, аз 2 то 5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон Мусобиқоти Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони  тоҷик низ ширкат мекунанд.

Дар мусобиқот миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба мусобиқаи наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар)  ва ба мусобиқаи ҷавонон 9 нафар писар сафарбар гардиданд.

Қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-3 декабр ва миёни ҷавонон 4-5 декабр баргузор мегарданд.

 

Барчасп