Декабр 04, 2021 10:11 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои тақвияти равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Фаластин

Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон роҳҳои тақвияти равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Зоир Раҳмонзода, раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон бо Луай Исо, сафири Фаластин дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Вай гуфт, дар мулоқот таъкид шуд, ки тарафи Тоҷикистон ба тавсеаи бештари равобит бо кишвари Фаластин, аз ҷумла тақвияту густариши равобити байнипорлумонӣ тавваҷуҳи вижа дорад.

Зоир Раҳмонзода хотирнишон кард, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба манзури тавсеаи равобити дуҷониба дар октябри соли 2020 як гуруҳи дӯстӣ бо шӯрои қонунгузории кишвари Фаластин ташкил дод.

 

Барчасп