Декабр 06, 2021 10:49 Asia/Dushanbe
  • Боздиди намояндагони бахши хусусии Белорус аз корхонаҳои саноъатии вилояти Суғд

Намояндагони бахши хусусии вилояти Могилиёви ҷумҳурии Белорус бо фаъолияти корхонаҳои саноъатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ошно шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, меҳмононро дар ин боздид Анвар Яъқубӣ-муовини раиси вилояти Суғд ва Виктор  Денисенкоафири Белорус дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд

.Ҳангоми боздиди намояндагони бахши хусусии Белорус аз корхонаи бофандагии “Ҷавонӣ таъкид шуд, ки дар ин корхона навъҳои гуногуни либосҳои мардона,занона ва кӯдакона аз нахи пахтаи табиӣ таҳия мешавад ва 90 дарсади маҳсӯли он ба хориҷ, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ содир мегардад .

Ҳамчунин дар корхонаҳои қолини Қайроққум, фулузоти Тоҷикистон ва Сайҳун роҳҳои густариши ҳамкории бахши хусусии Белорус бо марказҳои саноъатии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар нишасти доираҳои бозаргонии вилояти Суғд ва намояндагони бахши хусусии Белорус дар шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Минтақаи озоди иқтисоди Суғд баҳсу табодули назар шуд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп