Талоши Тоҷикистон барои тавлиди мошинҳои барқӣ
Мудири як ширкати мошинсозии Тоҷикистон аз тавлиди автобусҳо ва мошинҳои барқӣ бо ҳамкории Туркия дар ояндаи наздик хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Асрор Мирзоев, мудири ширкати Акиа Авесто Автоматив Индастрии Тоҷикистон гуфт, то поёни соли ҷорӣ тавлиди автобусҳои барқӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад.
Вай афзуд, ин васоили нақлиёти умумӣ метавонад то 200 километр бо барқ ҳаракат кунад.
Вай таъкид кард, ин васоил ҳар 100 километр 176 киловатт соат барқ ба арзиши 74 сомониву 20 дирам масраф мекунад.
Асрор Мирзоев, мудири ширкати Акиа Авесто Автоматив Индастрии Тоҷикистон идома дод, ин дар ҳоле аст, ки ҳазинаи ҳаракати автобусҳои дизелсӯз дар ҳамин миқдор масофат 450 сомонӣ аст.
Асрор Мирзоев гуфт, ки онҳо барномарезӣ кардаанд, ки ҷиҳати истеҳсоли нақлиёти барқӣ бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Ареа»-и Амрико, «Жак»-и Чин, «Бик моторс ва Каон»-и Ҷумҳурии Корея ва чандеи дигар ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд, ки ояндаи наздик истеҳсоли на танҳо электробус ва электротроллейбусҳо, балки сабукравҳои барқиро низ ба роҳ монанд.