Бардошти нахустин маҳсули заъфарон дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 09 Dec 2021 04:38:20 GMT )
Декабр 09, 2021 09:38 Asia/Dushanbe
  • Бардошти нахустин маҳсули заъфарон дар Тоҷикистон

Мудири ширкати кишоварзии IBIS, аз бардошти нахустин маҳсули заъфарон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Азим Ҳакимов, гуфт, ки барои кишту бардошти ин маҳсУл ба ҳамроҳи мутахассисони узбекистонӣ ба маблағи 3 миллиондоллар сармоягузорӣ шуд, ки акнун дар навоҳии Рӯдакӣ ва Панҷакент маҳсул расидааст.

Вай таъкид кард, ки Амрико, Арабистони Саудӣ, Малайзия ва кишварҳои аврупоӣ, харидори заъфарони Тоҷикистон мебошанд, ки қимати ҳар килои ин маҳсул 6 ҳазор доллар таъйин шудааст.

Ҳакимов афзуд, ки пиёзи заъфарон аз Италия харидорӣ ва ворид шуд, ки кишти озмоишии ин зироат нишон дод дар шароити Тоҷикистон имкони бардошти 4 то 12 кило заъфарон вуҷуд дорад.

Бештар бихонед: