Декабр 09, 2021 12:10 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти тоҷик ва СММ; кумак ба мардуми Афғонистон меҳвари гуфтугӯ

Дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва муовини ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон ироаи кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми афғон баррасӣ шуд.

Ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Фарҳод Салим ва Метте Кнудсен дар мавриди таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, таъсири он бар минтақа, вазъияти башардӯстона дар он кишвару лузуми ироаи кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми афғон баҳсу табодули назар карданд.

Кнудсен тайи сафари корӣ ба манзури ширкат дар ёздаҳумин Нишасти муовинони вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ҳузур дорад.

26 ноябр бо кумаки давлати Тоҷикистон маросими ироаи кумаки башардӯстонаи Барномаи ҷаҳонии ғизо ба Афғонистон баргузор шуд.

Кумаки мазкур шомили 2 .5 ҳазор тон орди гандум буда ва аз тариқи гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон мунтақил шуд.

Ироаи кумакҳои башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасӣ ба ғизо барои афғонҳо, баважа онҳое, ки дар манотиқи дурафтодаи куҳистонӣ зиндагӣ мекунанд, душвор аст.

Барчасп