Декабр 11, 2021 11:55 Asia/Dushanbe
  • Интернет танҳо дар се ноҳияи вилояти Бадахшон барқарор шуд

Иртиботи интернетӣ шаби 10 сетябри соли ҷорӣ танҳо дар 3 ноҳияи вилояти Бадахшон барқарор шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик,танҳо сокинони навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб ба интернет дастрасӣ пайдо кардаанд ,ва дар шаҳрҳои Хоруғи маркази вилояти Бадахшон ва дигар манотиқи ин минтақа ҳанӯз ҳам иртиботи интернетӣ қатъ мебошад.

Иртиботи интернетӣ дар вилояти Бадахшон аз рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ ҳамзамон бо оғози эътирозот ба кӯшта шудани Гулбиддин Зиёбеков сокини ноҳияи Раштқалъа қатъ карда шуд.

Мақомоти амниятӣ иллати кушта шудани вайро муртакиби ҷурм, ҳамчун гаравонгирӣ ,тариқи хусумати иҷтимоӣ ва нажодгароӣ эълом мекунанд, ки ҳангоми дастгирӣ ба далели муқовимат дар баробари маъмурони полис кушта шудааст.

Аммо муътаризон кушта шудани вай ва ду нафари дигарро  дар майдони шаҳри Хоруғ амди медонанд.

Мақомоти маҳаллӣ ваъда дода буданд, ки дар поёни моҳи ноябри гӯзашта интернет дар вилояти Бадахшон барқарор хоҳад шуд.

Аммо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи иллати барқарор нашудани интернет дар вилояти Бадахшонро тавзеҳ надоданд.

Бештар бихонед:

  Ҷойгоҳи ҷаҳонии Тоҷикистон аз нигоҳи суръати Интернет тағийр накардааст

Барчасп