Дидори масъулони амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон
Масъулони амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон мулоқот карданд.
Вазири корҳои дохила, раиси КДАМ ва додситони вилояти Бадахшон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ин минтақа дар шаҳри Хоруғ дидор карданд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, дар дидори Рамазон Раҳимзода, Саймумин Ятимов ва Парвиз Орифзода бо Музафар Муборакшоҳиён ва Манучер Холиқназарзода дар бораи раванди таҳқиқи ҳодисаи Хоруғ баҳсу табодули назар шуд.
Парвиз Орифзода додситони вилояти Бадахшон дар бораи баррасӣ ва илати омили ҳодисаи охир дар шаҳри Хоруғ, натиҷаи таҳқиқи пизишки қонунӣ дар бораи афроди фавтшуда ҳамоҳангӣ миёни мақомоти амниятӣ, интизомӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузориш ироя кард.
Ширкаткунандагон дар ин дидор бар зарурияти таҳқиқи мунсифона ва дақиқи иллати бурузи ин ҳодиса таъкид карданд.
Ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостори шиносои ва муҷозоти омилони кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков сокини ноҳияи Роштқала ва ду нафари дигар таҳти пайгарди қазоӣ қарор нагирифтани муътаризон шуданд.