Декабр 18, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ирсоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия

Бонки марказии Русия аз коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар се моҳи сеюми имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, ин афрод дар се моҳи сеюми имсол 534 миллиондоллар аз Русия ба кишварашон ирсол кардаанд, ки ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 1.8 дарсадиро нишон медиҳад.

Далели аслии коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия густариши вируси карона ва коҳиши фаъолияти бахшҳои тиҷорӣ, сохтумонсозӣ ва хадамот унвон мешавад.

Коргаронии муҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба кишварашон 2 миллиарду 700 миллиондоллар ирсол карда буданд.

Дар соли 2020 ин шохис ба 1 миллиарду 600 миллиондоллар коҳиш ёфта буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп