Декабр 18, 2021 15:14 Asia/Dushanbe
  • 354 миллиондоллар ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Узбекистон дар 10 моҳи 2021

Мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Узбекистон дар 10 моҳи соли ҷории милодӣ бо афзоиши 29.9 дарсадӣ беш аз 354 миллион доллар будааст.

Ба гузориши Форс, Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Фурқат Сидиқов, муовини вазири умури хориҷаи Узбекистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Тарафайн дар ин дидор, ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ ва дар мавриди таомул дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Тарафайн эълом карданд, мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Узбекистон дар 10 моҳи соли ҷории милодӣ бо афзоиши 29.9 дарсадӣ беш аз 354 миллион доллар будааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп