Ноябр 14, 2016 10:21 Asia/Dushanbe
  • 12 сол зиндон барои узви собиқи ДИИШ

Додгоҳи вилояти Хатлон узви собиқи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба 12 сол зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои сайти Toptj, Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини судяи додгоҳи вилояти Хатлон гуфтааст, ки Аҳлииддин Усмонов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба иттиҳоми мушорикат дар ҷанги Сурия ба унвони узви гурӯҳи террористии ДИИШ ба 12 сол зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Вай таъкид кард, ки Усмонов дар моҳи июли имсол бо хуруҷ аз Сурия аз тариқи Туркия ва Русия ба Тоҷикистон омад, ки дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Аммо Аҳлиддин Усмонов дар додгоҳ гуфтааст, ки танҳо як ҳафта дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия дар даргириҳои ин кишвар ҳузур дошта ва аз амалкарди ин созмони террористӣ мутанаффир шуда, ба ҳамин далел тасмим гирифтааст, ба Тоҷикистон бозгардад.

Бар асоси ин гузориш, дар бозҷуиҳо мушаххас шудааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз мадориси мазҳабии Туркия машғули омӯзиш буда ва ба дархости яке аз сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба исми Муслим тасмим ба пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва рафтан ба Сурия мегирад.

Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки бар асоси омори ҷадиди ин ниҳод, наздик ба 300 тан аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Ҳамчунин беш аз 50 шаҳрванди ин кишвар ба таври довталабона аз Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон бозгаштаанд, ки аксари онон мавриди афв қарор гирифтаанд.