Декабр 20, 2021 17:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Ҳинд бар зарурияти фаъол шудани гуруҳи дустии порлумонӣ

Вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки барои ҳузур дар севумин нишасти мақомоти аршади сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа мавсум ба ҳамкории Ҳин ва Осиёи Марказӣ ба Деҳли сафар карда аст, бо раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар дидор кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Ом Бирла дар бораи сатҳи феъли ва дурнамоии равобити Душанбе ва Деҳли Нав, тақвияти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, беҳдошту дармон ва омузишӣ баҳсу табодули назар карданд.

Тарафҳо тақвияти равобити парлумонӣ ва фаъол шудани гурӯҳи дустии маҷлисҳои Тоҷикистон ва Ҳиндро барои густариши муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар зарурӣ унвон карданд ва хостори дидори аъзои ин гурӯҳ аз кишварҳои якдигар шуданд.

Гуфтанӣ аст ин севумин нишасти мақомоти аршади сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа мавсум ба ҳамкориҳои Ҳинд ва Осиёи Марказӣ мебошад. Нахустин ҳамоиши ҳамкориҳои Ҳинд ва Осиёи Марказӣ дар моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Самарқанд ва дувумин нишаст ба сурати видеоӣ дар моҳи октябри соли 2020  баргузор шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп