Турбини севвуми нерӯгоҳи Роғун дар соли 2025 ба баҳрабардорӣ мерасад
Намояндаи ширкати муҷрии сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун эълом кард турбини севвуми ин нерӯгоҳ дар соли 2025 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
Ба гузориши сомонаи Ахбор ,Қурбонназар Давронов ин матлабро дар дидор бо ширкат кунандагони ҳамоиши миллии гардишгарии дохили дар маҳали сохти нерӯгоҳи Роғун баён кард.
Вай таъкид кард, турбини нахусти ин нерӯгоҳ дар соли 2018 ва турбини дуввумӣ он дар соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард.
Интизор меравад дар соли 2025 турбини саввумӣ ин нерӯгоҳ ба баҳра бардори бирасад.
Дар ин ҳамоиш бо ҳузури кормандони расонаҳои хабарии Тоҷикистон мавзӯъи ҷазби гардишгарии дохилӣ дар масири Душанбе ,Файзобод,Роғун мавриди барраси қарор гирифт.
Гӯфта мешавад расонаҳои хабарии Тоҷикистон метавонанд ба муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии ин масир ва ба вижа раванди сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун бипардозанд.
Нерӯгоҳи Роғун бо садӣ хокии 335 метри ва вазифаи тавлиди 17 миллиард киловат соъат барқ дар сол,бузӯргтарин тарҳи барқи обии минтақааст.
Гӯфта мешавад,ки сохтмони ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.
Бештар бихонед:
- Ихтисоси 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ барои сохти нерӯгоҳи Роғун
-
Эъломи омодагии як ширкати русӣ барои ҳамкорӣ дар такмили нерӯгоҳи Роғун