Афзоиши содироти Тоҷикистон ба Афғонистон
(last modified Tue, 21 Dec 2021 16:32:27 GMT )
Декабр 21, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти Тоҷикистон ба Афғонистон

Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба Афғонистон ба маблағи 82 миллион доллар маҳсулот содир кард, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл, афзиши 26.1 дар садиро нишон медиҳад.

Ба гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар ин муддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 82 миллион доллар маҳсулот содир шуда аст, ки дар муъомилоти тиҷоратии дуҷониба саҳми 93 дарсадии Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Ниме аз ин маблағро содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ташкил мекунад.

Мақомоти Вазорати Энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд, бо вуҷуди тасаллути Толибон ба Афғонистон содироти барқ ба кишвари ҳамсоя идома дорад.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба, Тоҷикистон уҳдадор шудааст имсол 1 милларду 500 миллион киловат соат барқ ба Афғонистон содир кунад.