Дастури афзоиши мизони маош ва нафақа дар Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мизони афзоиши маоши кормандон ва нафақаи бознишастагони кишварро дар соли 2022 эълом кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи хеш дар нишасти муштараки маҷлисҳои болоӣ ва поёнии Парлумон дастур дод, ки мизони маошу дастмузди кормандони ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ, низомӣ ва қазоӣ аз аввали январи соли 2022 аз 20 то 25 дарсад афзоиш ёбад.
Бар ин асос, маоши тамоми кормандони давлат дар бахшҳои иқтисодӣ, беҳдошт ва дармон, омӯзиш ва парвариш, фарҳанг ва варзиш аз аввали июли соли 2022 ба мизони 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамчунин бо афзоиши 50 дарсадии нафақаи бознишастагон дар Тоҷикистон дар соли 2022 ҳадди ақали дастмузд дар моҳ ба 600 сомонӣ хоҳад расид.
Дар ҳоли ҳозир ҳадди ақали нафақа дар Тоҷикистон 300 сомонӣ аст.
Бештар бихонед: