Омодагии Тоҷикистон барои ирсоли кумакҳои башардустона ба Афғонистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ба ҳукумати ин кишвар дастур дода шудааст то тамоми талоши худро барои кумак ба мардуми Афғонистон анҷом диҳад.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумони ин кишвар гуфт: кишвараш ба унвони наздиктарин ҳамсояи Афғонистон наметавонад нисбат ба мусибатҳои мардуми ранҷдида бетафовут бимонад. Аз ин рӯ ман зарури медонам, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ кумакҳои башардустонаи ҳадафмандро барои мардуми ранҷдидаи Афғонистон бифиристанд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки давлати ин кишвар бо ҳамкории созмонҳои байналмиллалии марбута фурсатҳои таъминоти густардаро дар ин замина ироа карда аст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардуми Афғонистон бо зарфиятҳои бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ бояд бар сарнавишти худ ҳоким шаванд ва сохтори ҳукумат ва наҳваи идораи кишвар бояд бо ирода ва назми мардуми ин кишвар таъйин шавад.
Бештар бихонед: