Декабр 24, 2021 19:55 Asia/Dushanbe
  • Имзои барномаи ҳамкории ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳинд

Дар дидори вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд бар аҳамияти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда байни сарони ду кишвар таъкид ва барномаи ҳамкории ниҳодҳои дипломатӣ имзо шуд.

Ба гузориши “Форс”, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Субраманян Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд дидору гуфтугӯ карданд.

Тарафайн бар аҳамияти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда байни сарони ду кишвар таъкид ва дар поёни музокироти худ барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дипломатии кишварҳояшонро барои солҳои 2021 - 2024 ба имзо расонданд.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд дар идома ҳамчунин тафоҳумнома байни ниҳоди дипломатии Тоҷикистон ва Муассисаи хадамоти дипломатии Сушмо Сураҷро имзо карданд.

Ҳадаф аз имзои ин санад такмили тахассуси кормандони ниҳоди дипломатии Тоҷикистон унвон шудааст.

Шоёни зикр аст, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар чорчӯби сафари расмӣ ба манзури ширкат дар сеюмин нишасти сарони ниҳодҳои дипломатии «Ҳинд – Осиёи Марказӣ» аз Деҳлии Нав боздид кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп