Истирдоди 13 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба Душанбе
Додситонии кулли Русия истирдоди 13 шаҳрванди Тоҷикистон ба кишварашон хабар дод, ки муттаҳам ба иртикоби ҷурму ҷиноёти мухталиф ва фирор ба хориҷ мебошанд.
Ба гузориши сомонаи додситонии кули Русия, ин афрод бо иртикоби ҷурм ва ҷиноёти мухталиф аз Тоҷикистон фирор карда ва ба Русия рафтаанд, ки ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон шиносоӣ ва ба кишварашон истирдод шудаанд.
Аз ин теъдод 11 нафар мард ва ду тан низ зан мебошанд, ки чанд корманди бонкҳо дар миёни ин афрод шиносоӣ шудаанд, ки муттаҳам ба ихтилоси маблағи 3.5 миллиондоллар мебошанд.
Иттиҳоми бақия фиребкории молӣ, фиреби муштариён, қочоқи маводи мухаддир ва заминфурушӣ унвон шудааст.
Бар асоси тавофуқи Русия ва Тоҷикистон ду кишвар мутааҳҳид ба истирдоди афроди таҳти пайгарди қазоӣ дар кишвари худ мебошанд.