Ноябр 14, 2016 15:13 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди радиоузелҳо дар маконҳои умумии манотиқи дурдасти Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон ба насби радиоузелҳо дар тамоми нуқоти муҳими ин кишвар иқдом кардаанд.

Ба иттилои сайти Toptj, тасмими пахши радиоузелҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бештар тамаркуз рӯи маконҳои умумӣ дорад ва насби радиоузелҳо дар ноҳияҳо, мағозаҳо, назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, масоҷид ва дигар маконҳои ҷамъӣ дар назар гирифта шудааст.

Тибқи ин гузориш, насби радиоузелҳо бар асоси дастури ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад ва аз тариқи насби ин дастгоҳҳо дар манотиқи дурдаст барномаҳои радиои Тоҷикистон ва радиои Ховар пахш хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон беш аз 15 радио фаъол аст, аммо имкони дастрасӣ ба амвоҷи бештари радиоҳо танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияиҳои атрофи он вуҷуд дорад.

Гузоришҳо ҳикоят аз ин дорад, ки то имрӯз дар бисёре аз амокини умумии ноҳияҳои дурдаст назири ноҳияи Панҷ ва Санговор (Тавлидараи собиқ)-и Тоҷикистон радиоузелҳо насб шудааст.

Раҳмон Сандалов, раиси ҷамоати Санговор ба расонаҳо гуфтааст, ки токунун дар ду макони умумии ин ҷамоат радиоузелҳо насб шуда ва ба зудӣ дар чаҳор рустои дигар низ насб хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ҷамоати Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ, дар ду нуқтаи ин ҷамоат низ радиоузелҳо насб шудааст, аммо ба далели камбуди барқ фаъол нест.

Аммо масъулони ноҳияи Варзоб бо дар назар гирифтани камбуди барқ, ба соҳибони мағозаҳо, ресторанҳо ва фурӯшгоҳҳо супориш кардаанд, ки бо насби дастгоҳҳои фаъолияткунандаи бидуни нерӯи барқ, радиоузелҳоро фаъол кунанд.

Дар замони Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ, ки Тоҷикистон як ҷумҳурии узви он буд, дар тамоми манотиқи дурдаст ва маконҳои умумии рустоҳо ва ноҳияҳо радиоузелҳоро  фаъол буд, ки барномаҳои радиои Тоҷикистон аз ин тариқ пахш мешуд.