Иддаои мақомоти Қирғизистон дар бораи ҳамлаи шаҳрвандони тоҷик ба худравҳои қирғизӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i78786-Иддаои_мақомоти_Қирғизистон_дар_бораи_ҳамлаи_шаҳрвандони_тоҷик_ба_худравҳои_қирғизӣ
Мақомоти Қирғизистон муддаӣ ҳастанд шуморе аз шаҳрвандони тоҷик ба 4 худрави қирғизӣ ҳамла карданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 26, 2021 15:34 Asia/Dushanbe
  • Иддаои мақомоти Қирғизистон дар бораи ҳамлаи шаҳрвандони тоҷик ба худравҳои қирғизӣ

Мақомоти Қирғизистон муддаӣ ҳастанд шуморе аз шаҳрвандони тоҷик ба 4 худрави қирғизӣ ҳамла карданд .

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муддаӣ шуд шаҳрвандони тоҷик ба самти 4 худрави ҳомили шаҳрвандони қирғиз дар ноҳияи Ботканд санг партоб карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Акипресс, дар баёнияи ин ниҳод таъкид шудааст,ки шаҳрвандони тоҷик 25 декабр, соъати 20 ба самти 4 худрави ҳомили шаҳрвандони қирғиз бо партоби санг ҳамла ва зарарҳое ба ин васоити нақлия ворид карданд .

Ҳамзамон теъдоде аз низомиёни Тоҷикистон ҳам дар минтақаи марзии ду кишвар мустақар шуданд.
Гуфта мешавад, ки барои баррасии иллати даргирӣ фармондеҳони посгоҳҳои марзии ин ду ноҳия дидор ва бар зарурати шиносоӣ ва муҷозоти омилони ин ҳодиса таъкид кардаанд.
Аммо то лаҳзаи интишори ин хабар ҳануз тарафи Тоҷикстон дар ин бора изҳори назар накардааст.
Ин чаҳорумин низоъ дар марзи ноҳияҳои Ботканд ва Исфара таи як ҳафтаи ахир аст.