Декабр 27, 2021 14:02 Asia/Dushanbe
  • Кумаки ройгони 65 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак

Созишномаи ихтисоси кумаки молии 65 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои марҳилаи дувуми бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обӣ-барқии Норак дар Шурои мудирони ин бонк тасвиб шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Бонки ҷаҳонӣ дар марҳалаи нахусти бозсозии ин нерӯгоҳ 225 миллион доллар, Бонки зербиноии Осиё 60 миллион доллар ва Бонки рушди Авруосиё 40 миллион доллар ихтисос дода буданд .
Тарҳи бозсозии нерӯгоҳи обӣ-барқии Норак, ки 50 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, аз марти 2019 оғоз шуд .
Зарфияти тавлиди барқ дар неругоҳи обӣ- барқии Норак 2 ҳазору 700 меговатт буд, ки дар соли 1988 ба 3 ҳазор меговатт расид.

Аммо ин нерӯгоҳ ба далели куҳна ва фарсуда шудани таҷҳизот пас аз 42 сол фаъолият, фақат 2 ҳазору 600 меговатт барқ тавлид мекунад .
Мақомоти давлати Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд барои бозсозӣ ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обӣ-барқии Норак ба 700 миллион доллар ниёз аст.
Бо поёни марҳилаи бозсозии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор меговатти феълӣ ба 3 ҳазору 300 меговатт афзоиш хоҳад ёфт.

 

Барчасп