Як миллион коргари тоҷик дар Русия
Путин теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷики дорои муҷаввизи кор дар Русияро 1 миллион нафар унвон кард.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», Владимир Путин ин матлабро дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлтаҳои Мустақил дар Санкт-Петербург ба сар мебарад, эълом кард.
Путин таъкид кард, ки мавзуи муҳим дар пазириши коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия донистани забони русӣ ва тахассуси ин афрод мебошад, ки тайи солҳои ахир ба омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд нишон медиҳанд.
Путин фаъолияти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия барои ҳифзи суботи иқтисодӣ дар дохили Тоҷикистонро муҳим хонд ва гуфт, ки мушкилоти ҳуқуқии ин афрод дар Русия ҳал хоҳад шуд.
Бо вуҷуди густариши вируси корона дар соли 2020 ин афрод ба Тоҷикистон аз Русия 1 миллиарду 700 миллион доллар ирсол кардаанд.
Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ рӯзи сешанбеи 28 декабри соли ҷорӣ дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Бештар бихонед: