Лағви мамнуияти вуруди 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Русия
Русия мамнуияти вуруд барои 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки муртакиби қонунвайронкуниҳои ҷузъӣ шуда буданд, бекор кард.
Алексей Егоров, намояндаи Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, дар чорчӯби тавофуқоти имзошуда дар сентябри соли 2021 мелодӣ, мамнуияти вуруди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки муртакиби қонунвайронкуниҳои ҷузъӣ дар қаламрави Русия шуда буданд, лағв шуд.
Вай хотирнишон кард, тибқи ин тафоҳумнома, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки номашон дар листи афроди мутахаллиф сабт шудааст, дубора метавонанд ба Русия сафар кунанд.
Егоров ҳамчунин гуфт: Шаҳрвандони тоҷик метавонанд аз тариқи вебсайти идораи умури муҳоҷирати Вазорати дохилаи Русия дар ин робита касби иттилоъ кунанд.
Бештар бихонед:
- Коҳиши ирсоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия
- Маҷбурӣ шудани дафтарчаи муоинаи пизишкӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия