Шикояти сокинони вилояти Суғд аз набуди барқ
(last modified Fri, 31 Dec 2021 12:55:15 GMT )
Декабр 31, 2021 17:55 Asia/Dushanbe
  • Шикояти сокинони вилояти Суғд аз набуди барқ

Сокинони вилояти Суғд аз бебарқӣ шикоят доранд.

Онҳо мегӯянд, ҳатто дар тобистон низ барқи хонаи онҳо мукаррар қатъ мешуд.

Ин дар ҳоле аст, ки масъулони ширкати барқ ҳар бор сабаби қатъи барқро таъмири сомонаҳои тавзеъ ва интиқоли барқ эълом мекунанд.

Сокинони минтақаҳои дурдасти ин вилоят мегӯянд, бо вуҷуди фаро расидани фасли зимистон, мушкили қатъи барқи манзилҳо бартараф нашудааст.

Гуфта мешавад, ки сокинони манотиқи рустоӣ аз соати 23 то 6 барқ надоранд.

Сокинони дигар навоҳии вилояти Суғд ҳам гуфтаанд, ҳамоно барномаи барқрасонӣ замони мушаххасе надорад ва гоҳе шабона ва ҳам гоҳе рӯзона барқи манзили онҳо қатъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Ҳусайн Юлдошев, ҷонишини мудири шуъбаи ширкати шабакаҳои тақсими барқ дар шаҳри Истаравшан, ки тавзеи барқ дар бештари шаҳру навоҳии Суғд зери назари ин идора аст, гуфт: Ин вазъ ба мизони захираи оби пушти садди «Норак» вобаста аст.

Ҳусайн Юлдошев афзуд: Агар боришҳо зиёд нашавад, захираи об дар пушти сад коҳиш хоҳад ёфт ва дар ин сурат тавлиди барқ низ кам мешавад.

Ҷонишини мудири шуъбаи ширкати шабакаҳои тақсими барқ дар шаҳри Истаравшан изҳор дошт, мизони истифодаи шабонарӯзии барқ дар шаҳру навоҳии Суғд ба 17 миллион киловатт соат расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қабл то 150 ҳазор киловатт соат зиёд шудааст.

 

Бештар бихонед:

Насби шуморишгари барқи ҳушманд барои тамоми муштаракони барқи Тоҷикистон