Баррасии барқарории парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистон ва Украина
Сафири Тоҷикистони дар Киев дар дидор бо муовини вазири умури хориҷаи Украина имкони барқарории парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар ин дидор Давлаталӣ Назризода ва Дмитрий Сеник роҷеъ ба вазъи феълии муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина ва густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, омӯзишӣ, дармонӣ ва башардӯстона баҳсу табодули назар карданд.
Дидори намояндагони маҷлиси Тоҷикистон бо вазири омӯзиш ва парвариши Украина
Музокироти Тоҷикистону Украин барои хариди 4 турбини нерӯгоҳи Роғун
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришаванда мусбат арзёбӣ шуданд.
Ҳамзамон дар рафти суҳбат роҷеъ ба нақшаҳо барои соли оянда, аз ҷумла, гузаронидани машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар, форуми соҳибкорони тоҷикистонӣ украинӣ, таҷлили 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Украина, инчунин барқарор кардани хатсайрҳои мустақими ҳавоии Душанбе-Киев-Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.