Тарма роҳи Душанбе - Хуҷандро баст
(last modified Tue, 04 Jan 2022 05:40:57 GMT )
Январ 04, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Тарма роҳи Душанбе - Хуҷандро баст

Мақомоти ширкати роҳдории “Innovative Road Solutions” аз баста шудани масири Душанбе - Хуҷанд бар асари фаромадани тарма дар 14 минтақаи ин масир хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар пайи фаромадани тарма, ки шаби 4 январи соли ҷорӣ иттифоқ афтод, ҳаракат дар ин масир қатъ шуда ва 25 худрав, ки 5 дастгоҳи он мошини боркаш мебошанд гирифтор шудаанд.

Манбаъ аз ҷумла фаромадани тармаи азим, ки баландии он 15 метр ва паҳноияш 300 метрро ташкил намуд, зикр кард.

Тармаи азим дар километри 65- уми роҳи Душанбе - Чаноқ фаромадааст ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан, то тоза шудани роҳ аз ғарами барф боздошта шуд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ ба ронандагон ҳушдор додааст, ки барои рафту омад дар танҳо роҳи марказ ба шимоли Тоҷикистон таҷҳизоти эминӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.