Даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик 54 дарсад бештар аз содироти филизоти гаронбаҳо
Мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон 54 дарсад бештар аз содироти филизоти гаронбаҳо ва сангҳои ороишӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ будааст.
Ба гузориши сомонаи "Спутник", коргарони муҳоҷири тоҷик тайи 9 моҳи соли 2021 аз Русия ба кишварашон 1 миллиарду 300 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 6 дарсад бештар мебошад.
Аммо тайи 11 моҳи соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷ ба маблағи 709 миллион доллар филизоти гаронбаҳо ва сангҳои ороишӣ содир шуда, ки 40 дарсад аз кулли содироти ин кишварро ташкил кардааст.
Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистони тайи 11 моҳи соли 2021 беш аз 5.5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба Тоҷикистон аз хориҷ 3 миллиарду 700 миллион доллар коло ва маҳсулот ворид карда шуд.
Ҳамчунин дар ин муддат ба маблағи 1 миллиарду 800 миллион доллари маҳсулот ба хориҷ содир шудааст, ки 481 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли 2020 мебошад.
Бештар бихонед :
- Коҳиш ирсоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия
- Русия мақсади аслии коргарони муҳоҷири тоҷик
- Муттаҳамони оташ задани вагони коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия озод шудаанд