Мубҳам будани ҳукми додгоҳи шаҳри Хоруғ алайҳи 7 сокини ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ
(last modified 2022-01-05T08:30:10+00:00 )
Январ 05, 2022 13:30 Asia/Dushanbe
  • Мубҳам будани ҳукми додгоҳи шаҳри Хоруғ алайҳи 7 сокини ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ

Додгоҳи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон 7 сокини ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷро ба иттиҳоми ифротигарӣ ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, бар асоси ин ҳукм 4 нафар аз ин афрод, ҳар як ба 6 соли зиндон ва се донишомӯз низ ба якуним соли зиндон маҳкум шуданд.

Эъломи ин ҳукм барои муттаҳамон пас аз баргузории ҷаласоти маҳрамонаи додгоҳ, эътирози шадиди бастагони ононро ба ҳамроҳ дошт.

Вакилони муттаҳамон ҳам эълом карданд, ки ба ин ҳукм эътироз хоҳанд кард.

Як манбаи хабарии додгоҳи Хоруғ бидуни ифшои ном гуфтааст, иттиҳоми ин афрод сар додани шиори “Аллоҳу Акбар” дар наздикии яке аз посгоҳҳои марзӣ буд.

Аммо волидайни донишомӯзони маҳкумшуда мегӯянд, далели судури ҳукми зиндон алайҳи фарзандони онон иқомаи намоз будааст.