Январ 08, 2022 12:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳидоятзода: Ҳузури низомиёни тоҷик дар Қазоқистон муҳим аст

Корманди аршади Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон эъзоми 200 низомии тоҷик дар қолаби нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба Қазоқистонро муҳим ва ба мавқеъ унвон кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Комрон Ҳидоятзода бо ишора ба тасмими маҷлисҳои намояндагон ва миллии Тоҷикистон барои эъзоми 200 низомии тоҷик дар қолаби нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон, ин иқдомро ба манзури кумак ба барқарории амният ва субот дар ин кишвар, ки ширки роҳбурдрии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, комилан ба мавқеъ ва қонӯнӣ донист.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 1997 ,наздик ба 50 низомии қазоқистонии узви гурӯҳи посдори сулҳи кишварҳои ИДМ барои дифо аз амнияти Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд ва акнӯн, ки Қазоқистон мавриди ҳамалоти террористҳо қарор гирифтааст, Душанбе вазифаи худ медонад, ки ба ин кишвари дӯст кумак кунад.

Пас аз тасмими Порлумони Тоҷикистон барои эъзоми низомиёни тоҷик ба Қазоқистон шомгоҳи 7 январ ҳавопаймоҳои “Ил-76” таробарии артиши Русия ин афродро аз фурудгоҳи низомии Ҳисор дар атрофи Душанбе ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон мунтақил карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп