Январ 09, 2022 10:17 Asia/Dushanbe
  • Коргарони муҳоҷири тоҷик метавонанд аз Қазоқистон ба Русия бираванд

Коршиноси умӯри муҳоҷират гуфт : Дар сурати идомаи нооромиҳо дар Қазоқистон коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикҳо метавонанд барои кор ба Русия бираванд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Юрий Жданов бо ишора ба авзоъи Қазоқистон афзуд : Танҳо роҳи хурӯҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз авзоъи феълии ин кишвар рафтани онон барои кор ба Русия аст .
Вай теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Қазоқистонро 1 миллион нафар эълом кард .

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон муътақиданд, ки дар Қазоқистон ҳудуди 300 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик дар бахшҳои тиҷорӣ, сохтмонсозӣ ва кишоварзӣ фаъолият мекунанд.
Қазоқистон пас аз Русия дуюмин кишвари пазирои коргарони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави кишварҳои ИДМ аст .

 

Барчасп