Дархости Тоҷикистон аз Эрон барои сохти неругоҳи хуршедӣ
Вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо вазири неру дар бораи мавзуъоти мавриди алоқаи ду кишвар ва чигунагии рафъи мавонеъи тавсеъаи равобити Эрон ва Тоҷикистон ба баҳсу табодули назар пардохт ва бар тавсеъаи равобит таъкид кард.
Дар музокираи телефони Алиакбари Меҳробиён, вазири неру бо Давлер Ҷумъа вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон, ҳар ду тараф бо таъкид бар равобити дустонаи ду кишвар, бар тавсеъаи ин равобит таъкид карданд.
Вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон бо ишора ба дастури раиси ҷумҳурии ин кишвар барои ҳалли мушкилот ва мавонеъи дуҷониба ва талош барои ҳалли ин масоил дар замони тасаддии вазорати энергетика, хостори пайгирии мавзуъҳои маврди алоқаи ҳарду тараф аз ҷумла ҳамкории Эрон дар заминаи сохти неругоҳи хуршеди ва нефту газ шуд.
Раиси тоҷикии камисияи муштараки иқтисодии ду кишвар, бо ишора ба тавонмандии ширкатҳои эронӣ дар заминаи сохти неругоҳҳои хуршедӣ, хостори мушорикат дар сохти неругоҳи хуршедӣ дар манотиқе аз шимоли Тоҷикистон бо сармоягузории тарафи эронӣ шуд.
Алиакбари Меҳробиён раиси эронии камисиёни ҳамкориҳои муштараки иқтисодии ду кишвар низ дар ин гуфтугу зимни ситоиши равобити хуби ду кишвар, омодагии Эрон барои густариши равобит дар ҳавзаҳои матраҳшуда тавасути вазири тоҷик бар асоси мувофиқатномаҳои қаблиро эълом кард.
Ҳар ду тараф бар баргузории ҷаласаи пайгирии мавзуъҳои мавриди назар дар Теҳрон ва бо ҳузури вазирони неру ва энергетикаи ду кишвар дар зудтарин фурсат тавофуқ карданд.
Бештар бихонед: