Талоши Тоҷикистон барои сохти 5 корхонаи ҷадиди коркарди пахта
Ҳукумати Тоҷикистон барои сохти 5 корхонаи ҷадиди коркарди пахта то соли 2027 барномарезӣ кардааст.
Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳадаф аз сохти ин корхонаҳо дар дохили кишвар, табдили он ба маҳсӯл ва содирот ба хориҷ унвон мешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон аз 406 ҳазор то пахта, ки дар соли 2021 бардошт шудааст, танҳо 20 дарсад коркард ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содир мегардад, ки ба иқтисоди ин кишвар миллионҳо доллар хисорот ворид месозад.
Бо вуҷӯди таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи зарурати коркарди пахта дар дохили ин кишвар ва табдили он ба маҳсӯлот дар соли 2018, ин барнома ҳанӯз иҷроӣ нашудааст. Ҳол он ки дар сурати таҳаққуқи ин барнома барои 40 ҳазор нафар дар Тоҷикистон шуғли собит эҷод мешуд.
Аз сӯи дигар тайи 11 моҳи соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷ 88 ҳазору 700 тон пахта ба арзиши молии 174 миллиондоллар содир шудааст, ки дар кишварҳои Чин, Русия, Туркия ва Қазоқистон ба маҳсӯлоти табдил ва дубора ба бозори Тоҷикистон мунтақил мешавад, ки бо қиммати гарон ба фурӯш мерасад.
Бештар бихонед: