Чашмандози 500 миллион евро барои муровидоти тиҷории Эрону Тоҷикистон
(last modified Tue, 11 Jan 2022 07:59:03 GMT )
Январ 11, 2022 12:59 Asia/Dushanbe

Сафири Тоҷикистон дар Эрон, аз таърифи чашмандози 500 миллион евро, муровидоти тиҷории байни Эрону Тоҷикистон хабар дод.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории Эронпресс гуфт: Дар равобити 30 сола, ду кишвар, ки пуштивонаи таърихии бисёр қадимӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва низомӣ доранд ба дастовардҳои қобили таваҷҷӯҳе даст ёфтанд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуд: Сафари расмии ахири Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон оғози марҳалаи ҷадид дар ҳамкориҳои ду кишвар буд.

Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчунин гуфт, ду кишвар тавофуқ карданд, ки аз тамоми зарфиятҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ барои иртиқои ҳамкориҳо истифода кунанд.

Вай таъкид кард, ҳамчунин тавофуқ шуд, ҳаҷми табодулоти ду кишвар, ки дар тӯли чанд соли охир рӯ ба коҳиш буд то сақфи 500 миллион евро афзоиш ёбад бинобар ин ба хотири расидан ба ин аҳдоф ду тараф тавофуқ карданд, ки барномаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии баландмуддат барои 2030 омода ва имзо кунанд.

Низомиддин Зоҳидӣ хотирнишон кард, имконот ва зарфиятҳо барои иҷроӣ шудани ин тавофуқҳо вуҷӯд дорад ва дар се моҳаи охир ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Эрону Тоҷикистон дар қиёс бо муддати мушобеҳи соли гузашта, се баробар афзоиш ёфтааст.

Бештар бихонед: