Январ 11, 2022 19:33 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 65 дарсади захираҳои тиллои Тоҷикистон дар ду соли ахир

Ҳаҷми захираҳои тиллои Тоҷикистон дар ду соли ахир дар пайи густариши вируси корона 65 дарсад  коҳиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Бонки ҷаҳонӣ эълом кард, ки дар солҳои 2019 то 2021 захираҳои тиллои Тоҷикистон аз 22 тоннаву 300 килограм ба 8 тонна коҳиш ёфта аст.

Далили коҳиши захираҳои тиллои Тоҷикимстон фуруши ин фелези қиматбаҳо ба хориҷ барои таъмини ниёзҳои кишвар дар шароити густариши бемории Ковид-19 унвон мешавад.

Агар дар соли 2020 мизони фелези қиматбаҳо ва сангҳои ороишии Тоҷикистон ба 690 миллион доллар расида бошад, дар 11 моҳи соли 2021 ин нишодод ба 709 миллион доллар расид, ки 40 дарсад аз кулли содироти ин кишварро ташкил карда аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 10 ширкат ба истихроҷи тилло машғул аст, ки бузургтарини он корхонаи муштараки ин кишвар бо Чин мавсум ба Зарафшон мебошад.

Ин ширкат 70 дарсад аз тиллои Тоҷикистонро истихроҷ мекунад.

 

Барчасп