Январ 12, 2022 19:02 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди назорат дар Тоҷикистон ба далели ривоҷи Омикрон дар Осиёи Марказӣ

Мақомоти тандрустии Тоҷикистон мегӯянд дар ин кишвар ба далели мушоҳидаи вируси Омикрон дар Узбекистону Қирғизистон тадбирҳои пешгириро ташдид кардаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутникаврӯз Ҷаъфаров-мудири идораи мубориза бо бемориҳои сирояткунандаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди вируси Омикрон ба ин кишвар назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳо ташдид шудааст .
Вай таъкид кардааст, ки тамомии афроде ки вориди Тоҷикистон мешаванд бо вуҷуди доштани гувоҳиномаи манфии озмоиш, дар ин кишвар дубора озмоиш хоҳанд дод .
Ин мақоми тандрустии Тоҷикистон афзуд : То ба ҳол дар Тоҷикистон ҳиҷ мавриди гирифтор шудани афрод ба вируси Омикрон ба қайд гирифта нашуда, аммо ба далели вуҷуди ин вирус дар кишварҳои ҳамсоя бояд назорат бар гузаргоҳҳои марзӣ ташдид шавад .
Ҳамчунин барои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ акнун тазриқи дозаи сеюми воксани корона барои гуруҳҳои хос оғоз шудааст . Наврӯз Ҷаъфаров аз тазриқи дозаи нахусти воксани корона ба 68.8 дарсад ва дозаи дувуми он ба 57 дарсад аз ашхоси болои 18 соли Тоҷикистон хабар дод .

 

Барчасп