Ҳимояти Тоҷикистон аз бозиҳои олимпии зимистонии Чин
(last modified Thu, 13 Jan 2022 10:10:11 GMT )
Январ 13, 2022 15:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Тоҷикистон аз бозиҳои олимпии зимистонии Чин

Тоҷикистон аз Чин барои баргузории бозиҳои олимпии зимистонӣ ҳимоят мекунад.

Ба гузориши “Ховар”, Сайидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, вазъияти кунунӣ дар минтақа нопойдор аст ва таҳдидоти террористӣ барои ноамн кардани Осиёи Марказӣ ва ғарби Чин ҷиддӣ аст.

Вай афзуд, ин таҳдидот барои ихтилол дар баргузории бозиҳои олимпии зимистонии Чин бисёр хатарнок аст.

Ӯ гуфтааст, корвони варзишии Тоҷикистон бамавқеъ ба мусобиқот фиристода мешаванд.

Ҳудуди як моҳ ба баргузории бозиҳои олимпии зимистонии 2022 Пекин боқӣ мондааст.

Олимпии зимистонии Чин аз 4 то 20 феврали соли 2022 баргузор мешавад.

Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико бозиҳои олимпии зимистонии 2022-и Чинро таҳрим карданд.