Январ 15, 2022 12:33 Asia/Dushanbe
  • Толибон муддаии афзоиши бесобиқаи муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон шуд

Муовини идораи фарҳанг ва иттилооти вилояти Қундӯзи Афғонистон муддаӣ шуд, ки дар даврони ҳукумати Толибон ҳаҷми муомилоти тиҷории ин кишвар бо Тоҷикистон бо афзоиши бесобиқа рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Мавлавӣ Мутеуллоҳ гуфтааст, ки аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон содирот аз Тоҷикистон 90 дарсад ва воридот ба ин кишвар 60 дарсад афзоиш ёфтааст.

Вай далели афзоиши қобили мулоҳизаи муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонро поён додан ба ришвахорӣ дар гумруки Бандари Шерхон, коҳиши молиёт ва аворизи гумрукӣ барои ронандагони тоҷик унвон кардааст.

Аз дидгоҳи ин мақоми афғонистонӣ тайи моҳҳои сентябр то 20 декабри соли 2021 аз тариқи бандари Шерхон як ҳазору 43 мошини боркаши Тоҷикистон вориди Афғонистон шудааст.

Ҳамчунин тайи ин муддат 893 мошини боркаши Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шудааст.

Ҳол онки дар давраи мушобеҳи соли қабл танҳо 734 мошини боркаш вориди ин ду кишвар ҳамсоя шуда буд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми муомилоти тиҷории ин кишвар бо Афғонистон ба 82 миллиондоллар расид, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 26 дарсадиро нишон медиҳад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп