Январ 16, 2022 15:22 Asia/Dushanbe

Мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим гирифтанд ду бинои қадимиро, ки адибони номдори тоҷик дар онҳо зиндагӣ мекунанд, вайрон(тахриб) кунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин биноҳо афроде назири Гулназар Келдӣ-сарояндаи сурӯди миллии Тоҷикистон, Урун Куҳзод-нависанда, Бозор Собир-шоъир ва Марям Исоева-ҳунарманди тоҷик зиндагӣ мекарданд ва мекунанд .
Ин биноҳо бо талоши Мирзо Турсунзода-адиби номдори тоҷик барои ҳунармандон сохта шудааст .
Урун Куҳзод гуфт : Имкони ҷисмонӣ ва молӣ барои иваз кардани маҳали зиндагӣ надорад . Марям Исоева ҳам мегуяд,ки сокинон бидуни гуфтугӯ бо ширкати сохтмонӣ ва мақомот набояд маҳали зиндагии худро тарк кунанд.
Парвиз Муллоҷонов-таҳлилгари тоҷик аз дигари сокинони ин шаҳрак низ изҳор кард,ки мақомоти шаҳрдорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд

 

Барчасп