Ташкили парвандаи ҷанҷолӣ бар зидди хоҳари Шарофиддин Гадоев
Мақомоти қазоии Тоҷикистон бар зидди Гадоева Ҳафизамоҳ хоҳари Шарофиддин Гадоев, яке аз чеҳраҳои мухолифи ин кишвар дар хориҷ парвандаи ҷиноятӣ ташкил карданд.
Ба гузориши сомонаи ТопТиҷи, наздикони Ҳафизамоҳ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки вай чанд соле аст, ки бо хонаводааш дар хориҷ зиндагӣ мекунад ва ба эҳтимоли қавӣ ин парванда ба фаъолияти бародараш Гадоев Шарофиддин муовини раиси паймони миллии Тоҷикистон, ки ниҳоди мухолифи ҳукумати ин кишвар дар хориҷ мебошад, иртибот дорад.
Ҳамчунин Раҳматов Саъдӣ шавҳари вай гуфта аст, ки ҳамсараш дар ҳеҷ навъ фаъолиятҳои сиёсӣ ширкат намекунад ва иттиҳоми даъват барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон беасос мебошад.
Ин дарҳоле аст, ки дар бахши эъломи асомии афроди таҳти пайгари қазоӣ дар идораи полиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон номи Гадоева Ҳафизамоҳ мушоҳида мешавад, ки иттиҳоми вай даъват барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон бе асос мебошад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар бахши эъломи асомии афроди таҳти пайгари қазоӣ дар идораи полиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон номи Гадоева Ҳафизамоҳ мушоҳида мешавад, ки иттиҳоми вай даъавати ошкор барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон унвон шудааст.
Бештар бихонед:
- Оғози озмоишҳои пизишкии Шарофиддин Гадоев дар Ҳоланд
- Шарофуддин Гадоев: рабуда шуда будам
- Иддаои як созмони ҳуқуқи башар дар бораи шиканҷаи Шарофиддин Гадоев
- Истиқбол аз Шарофиддин Гадоев дар Олмон