Январ 18, 2022 12:12 Asia/Dushanbe
  • Сукути вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди вазъияти мубталоён ба карона дар кишвар

Чаро вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди вазъияти мубталоён ба карона дар кишвар сукут кардааст?

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осёи Марказӣ, ҳаррӯзи 3 то 4 мавриди ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон сабт мешавад, ин дар ҳоле аст, ки ахринбор теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон 20 ноябри 2021эъломи расмӣ шуд.

Дар ҳафтаи гузашта шикоёти зиёде мабнӣ бар ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон гузориш шудааст, аммо мақомот аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ шикоёти зиёде дар мавриди ибтило ба Ковид 19 сабт мешавад.

Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигор 17 январ гуфт, духтараш ибтидо бо алоими корона бемор шуд ва сипас соири аъзои хонавода мубтало шуданд.

Ҳафтаи гузашта ҳам Нурангез Рустамзода, яке дигар аз рӯзноманигорон тоҷик, ба корона мубтало шуд.

Бо ин ҳол, вазорати тандурустӣ ҳануз дар мавриди натоиҷи озмоишот, ки уфунати коронаро барои сокинон таъйид карда, изҳори назаре накардааст.

Масъули як ташхисгоҳи хурд дар пойтахт гуфт, ҳамарӯза 3-4 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт мекунанд. Ӯ афзуд: "Ҳар рӯз маълумоти беморони навро ба Вазорати тандурустӣ мефиристем. Омори ниҳоиро бояд аз мақомот пурсед."

Дар ин шароит, як суоли мубҳам боқӣ мемонад, ки чаро вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди беморони коронаиро эълом намекунад.

Сукути мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки кишварҳои мухталиф даргири навъи Омикрони корона ҳастанд.

Токунун Узбекистону Қирғизистон, ду ҳамсояи Тоҷикистон ҳам аз шиносоии беморони каронаии "навъи Омикрон" хабар доданд.

 

Барчасп