Январ 18, 2022 12:43 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии яктарфаи роҳи Душанбе - Хуҷанд

Пас аз ду рӯз талоши кормандони Ширкати роҳдории “ Innovative Road Solutions” масири Душанбе – Хуҷанд, ки бар асари резиши тарма бштаҳ шуда буд, яктарфа бозгушоӣ гардид.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти ин ширкат эълом кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо имкони ҳаракати васоили нақлия ва мусофирон аз Хуҷанд ба Душанбе вуҷӯд дорад ва талошҳо барои бозгушои комили ин роҳ, 24 соата идома меёбд.

Қаблан дар иттилоияи ин ширкат таъкид шуда аст, ки бар асари суқути тарма дар 48 километрӣ то 73 масири Душанбе ва Хуҷанд ҳаракати тамоми васоили нақлиётӣ қатъ шуд ва ронандагон бояд мунтазири хабари бозгушоии ин роҳ бошанд.

Гуфта мешавад, ки роҳсозон муваффақ шуданд барои таъмини ҳаракати яктарфаи васоили нақлия дар ин масир 13 минтақаи роҳро аз 200 метр тарма ба иртифои 3 то 14 метр поксозӣ кунанд.

Масири Душанбе ва Хуҷанд танҳо роҳи иртиботии заминӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон мебошад, ки 16 рӯз қабл низ ба далели суқути тарма баста шуда буд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ ба ронандагон ҳушдор дода аст, ки барои рафтуомад дар танҳо роҳи марказ ба шимоли Тоҷикистон таҷҳизоти эминӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.

 

Барчасп