Январ 18, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Рустами Эмомалӣ барои эҷоди 250 ҳазор шуғл дар шаҳри Душанбе

Шаҳрдори Душанбе ваъда додааст, ки тайи 5 соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон барои 250 ҳазор нафар фурсати шуғлӣ эҷод хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Рустами Эмомалӣ ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар соли 2021 ва мушахас кардани вазоифи ин ниҳод барои соли 2022 гуфт, ки тайи 5 соли наздик заминаи иштиғоли 250 ҳазор нафар аз сокинони ин шаҳр фароҳам хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ба муносибати 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар соли 2026 аз тамоми имконоти истифода хоҳад шуд то барои 250 ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Душанбе фурсати шуғлӣ фароҳам гардад.

Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе др чорчӯби омодагӣ барои ҷашни 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар поайтхти ин кишвар 50 корхонаи санъатӣ, 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 бинои баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзишӣ, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқоматӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсису бунёд карда шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп