Январ 18, 2022 14:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон ба афзоиши нархи билети ҳавопаймо

Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон ба гарон шудани дубораи қиммати билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон ба Русия вокуниш нишон дод.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, дар баёнияи ин созмон таъкид шудааст, ки афзоиши қиммати билет дар масири Тоҷикистон ба Русия ғайриқонӯнӣ аст ва дар ин маврид бо гаронфурушон бархӯрд хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки агар дар декабри соли 2021 қиммати билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир 2 ҳазору 400 сомонӣ буд, акнӯн ин мизон ба 6 ҳазор сомонӣ расидааст.

Тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб қиммати билетро афзоиш доданд.

Масъулони ин ширкатҳо далели афзоиши қиммвати билет дар парваозҳои муназзами ҳафтаиро афзоиши тақозо барои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва гаронии сӯзишворӣ унвон мекунанд.

 

Барчасп